Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад

Апрель 17, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони Институти Русия, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин густариши ҳамкории илмию гуманитарӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Иброз шуд, ки мулоқот барои ба низом даровардани муносибатҳои мо дар соҳаи илму техника замина мегардад.

Соли 2023 бо кумаки ҳамкорони чинии мо аз Пажуҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони чинӣ тарҷума шуд. Ин китоб дар натиҷаи кори муштараки академияҳои мо ба нашр расид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳор дошт, ки чунин нишастҳо дар оянда низ як минбари хубе барои таҳия ва мувофиқа кардани равишҳои муштарак барои бунёд ва таҳкими ҳамкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои мамлакатҳои мо хоҳанд буд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориро дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ дар самтҳои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ташкили машваратҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки олимони ду мамлакат, ташаккул додани дониши амиқ дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар муассисаҳои илмии ду мамлакат, ташкили таълими донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии ҳизбҳо барои магистратура, аспирантура, докторантура, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмӣ барои олимони ҷавон, ташкили таҷрибаомӯзӣ ва машғулияти такмили ихтисос барои олимони ду мамлакат ва ғайра инкишоф диҳад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 17, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид