Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст

Апрель 16, 2024 10:20

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ходими давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2010-2020) Шукурҷон Зуҳуров ҳафтодсола шуд.

Мавсуф Академияи идоракунии Федератсияи Русия ва Донишгоҳи муҳандисӣ — заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст. Дар вазифаҳои муҳандис — заминсози ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, сардори шуъбаи истифодаи замин ва заминсозии Кумитаи иҷроияи Шурои депутатҳои собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, инструктор, мудири шуъба ва котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Тавре ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳикматулло Хоҷаев ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, Шукурҷон Зуҳуров аз ҷумлаи шахсиятҳое аст, ки аз мактаби роҳбарии онҳо метавон малакаи зарурии фаъолият ва инсонгарӣ омӯхт.

Шукурҷон Зуҳуров шахси серталаб, масъулиятшинос буда, барои тарбия намудану роҳ нишон додан ба ҳамкорон ҳамеша кушиш менамуд. Муносибати ӯ ҳамчун роҳбар ба кор чунон масъулиятшиносона буд, ки нафари бовиҷдон дар ҳамкорӣ бо чунин шахсон муносибати дигарро ба кор раво намебинад.

Дар баробари ин, эҳсоси дастгирии доимӣ шахсро барои фаъолияти пурсамар руҳбаланд менамояд. Шукурҷон Зуҳуров шахсияте аст, ки дар мактаби роҳбарии Пешвои муаззами миллат маҳорати роҳбариро сайқал дода, аз сабақҳои ин мактаби бузурги давлатдорӣ баҳраи зарурӣ бардоштааст. Чун пайрави содиқи Пешвои миллат дар ҳар мақому сохторе, ки фаъолият кардааст, доим кӯшиш намудааст, ки вазифаашро сидқан ва самимона иҷро кунад. Ҳамин аст, ки дар ҷомеа соҳиби нуфузу обрӯйи хос гаштааст.

Некдилӣ, некхоҳӣ, самимият, масъулиятшиносӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз хислатҳое мебошанд, ки аз камолоти инсонии ин шахсияти бузург дарак медиҳанд. Ботамкинӣ ва таҳаммулпазириаш воқеан ҳам шоистаи таҳсину омӯзиш аст.

Шукурҷон Зуҳуров бар замми ҳамаи ин хислатҳои нек ҳамчун дипломати варзида низ шинохта шудааст. Маҳз ба туфайли ҷидду ҷаҳди ӯ симои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷиҳати мусбат муаррифӣ гардида, робитаҳои байнипарлумонӣ бо давлатҳои хориҷии дуру наздик тақвият ёфтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро барои хизматҳои шоён бо орденҳои “Дӯстӣ”, “Шараф”, Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ намудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2024 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд