Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва 7 донишгоҳи олии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва 7 донишгоҳи олии Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.
Шартномаҳои ҳамкорӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва роҳбарони донишгоҳҳои олии Узбекистон баҳри баргузор намудани конфронсҳои байналмилалии муштарак, ташкили даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, табодули донишҷӯён, ташкили факултетҳои муштарак ва инчунин бо дипломи олии муштарак таъмин намудани хатмкунандагон имзо гардид.
Гуфта мешавад, ки раёсати донишгоҳ то ин муддат бо 4 муассисаи олии Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи онлайнӣ ба имзо расонида буд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






