Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад

Апрель 24, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ба ҳолати 1 апрели имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи ​ 1 миллиарду 365 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш ​ нисбат ба ҳамин ​ давраи соли 2023 110 фоиз таъмин гардид. Ин нукта зимни ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ​ дар се моҳи соли 2024 иброз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра 1 миллиарду 341 миллион сомонӣ ва растанипарварӣ 24 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 110 ва 107 фоизро дар бар гирифт.​

Иброз гардид, ки имсол тибқи сохтори кишти тасдиқгардида дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар майдони 173 ҳазору 835 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, дурнамои кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 63 ҳазору 400 гектар, аз ҷумла гандум 12 ҳазору 579 гектар ва ҷуворимаккаи дон 5200 гектар, пахта 59 ҳазору 633 гектар, зироати равғандеҳ 7 ҳазору 131 гектар, картошка 18 ҳазору 500 гектар, сабзавот 9 ҳазору 311 гектар, аз ҷумла пиёз 4 ҳазору 171 гектар, полезиҳо 6 ҳазору 85 гектар ва хӯроки чорво 9 ҳазору 759 гектар муайян гардидааст. Ҳоло маъракаи кишти баҳорӣ босуръат идома дорад.

Яке аз роҳҳои фаровонҳосилӣ мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах мебошад.

Чанде қабл дар вилояти Суғд доир ба ҳифзи майдони кишт, боғу токзор ва чарогоҳҳо аз ҳашароти зараррасони малах машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Зимни он иброз гардид, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзӣ рушд ёфта, майдони заминҳои корам бештар мегардад. Ҳифзи майдони кишт, боғу токзор ва чарогоҳҳо аз ҳашароти зараррасони малах аз масъалаҳои муҳим дониста шуда, бо ин мақсад машварати вилоятӣ баргузор гардид.

Ба назари мутахассисон, камборишӣ ва хушксолӣ эҳтимоли хуруҷи ҳашароти зараррасони малахро зиёд менамояд, зеро бо кам шудани манбаи хӯрок малах ба киштзор, боғ ва ҳатто ба чарогоҳҳо низ зарар мерасонад.

Бо мақсади пешгирии хавфу хатари паҳншавии малах ситоди вилоятӣ ташкил гардида, фаъолияти сохторҳои дахлдор ҳамоҳанг карда шудааст. Дар ин самт дастур дода шуд, ки аз ҷониби мутахассисони филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» корҳои омӯзишӣ дар самти муайян намудани минтақаҳои осебпазир бештар гузаронида шаванд. Масъалаи эмин нигоҳ доштани зироати кишоварзӣ аз касаливу ҳашароти заррасон, аз ҷумла малах аз масоили мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, мақсад аз ташкили машварат сарҷамъ намудани роҳбарону мутахассисони сохторҳои дахлдор, масъулини соҳа, аъзои Ситоди мубориза бар зидди малах буда, дар ҳамбастагӣ баррасии вазъи воқеӣ, таҳлили нишондиҳандаҳо ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда арзёбӣ карда шуд.​

Гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаву таҷҳизоти зарурӣ ба ин муассиса дастрас карда шуда, намояндагони он дар шаҳру ноҳияҳо ба корҳои омӯзишӣ, муайян намудани мавзеъҳои эҳтимолии паҳншавии малах машғул ҳастанд.

Дар вилояти Суғд майдони кишти зироат ва боғу токзор ҳамасола зиёд карда мешавад. Ҳифзи майдони кишт аз ҳашароти заррасони малах масъулияти бештар ва амалисозии тадбирҳои муассирро талаб мекунад.

Ба гуфтаи олимони соҳаи кишоварзӣ, фасли тирамоҳ ва зимистони имсола нисбат ба солҳои қаблӣ гарму камбориш омад, аз ин рӯ авҷ гирифтани ҳар гуна касаливу афзоиши ҳашароти зараррасон дар назар аст. Масъулини соҳаро мебояд мубориза бар зидди касаливу ҳашароти зараррасонро сари вақт ба роҳ монда, барои пешгирии паҳншавии он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 24, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»