Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
КӮЛОБ, 23.04 2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои гуногун корҳои тозагию поккорӣ гузаронида шуданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.
Дар шаҳри Кӯлоб ташкилоту муассисаҳо ҳар ҳафта чунин ҳашар мегузаронанд.
Дар баробари тозасозиву поккорӣ инчунин дар сойи Тебалай корҳои тозагӣ анҷом дода шуданд, ки дар баробари дигар кормандони муассисаҳо саҳми кормандони корхонаҳои коммуналӣ ва ободонӣ назаррас мебошад. Иштирокчиёни ҳашар партовҳоро аз сой бароварда, ба ҷойҳои махсус кашонида, безарар гардониданд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб борҳо аз шаҳрвандон, аз ҷумла сокинони назди сойҳо хоҳиш намудаанд, ки ба қадри заҳмати кормандони корхонаҳои коммуналӣ ва ободонӣ, ки аксарияташон модарон мебошанд, бирасанд. Сокинон бояд партовҳояшонро дар қуттиҳо гузоранд, на дар сойҳо, ки ин зарар ба муҳити атроф ва саломатии аҳолӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






