Дар Хатлон бо мақсади беҳтар гардонидани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ бо фаъолияти корхонаи роҳи оҳани вилояти Хатлон шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан»-и вилояти Хатлон бо мақсади содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳо маҳсулоти ниёзи аввал — пиёзи барвақтиро ба Қазоқистону Русия мебаранд.
Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Ҳамасола бо ҷаҳду талоши кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногуни кишоварзии ниёзи аввал ба дигар кишварҳо содирот мегардад, ки ин тадбир ба даромади молии сокинон мусоидат менамояд.
Дар доираи чунин иқдом Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ бо фаъолияти истгоҳи роҳи оҳани вилояти Хатлон ки бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ пурра таъмиру навсозӣ шудааст, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру навсозӣ шуда, аз 2 толори пазироӣ ва 8 утоқи корӣ иборат мебошад. Дар майдони он бо тарҳи муосир фаввораҳо бунёд карда шуда, дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида шудааст.
Раиси вилоят ба масъулин бобати босифат ва саривақтӣ бандубаст кардани пиёз ва дар муҳлати пешбинишуда ба ҷойи лозимӣ расонидани маҳсулот маслиҳатҳои муфид дод.
Гуфта шуд, барои ҳавасмандии соҳибкорон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст ва онҳо метавонанд дар доираи иҷрои фаъолияти якҷоя ва ҳамкории судманд корро боз ҳам хубтар амалӣ намоянд.
Бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти беҳтар гардонидани содироти маҳсулоти кишоварзӣ тамоми сохторҳои марбута вазифадор гаштаанд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ба раванди корҳои содиротӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Ҳадаф аз шинсоӣ дасти ёрӣ дароз намудан ба истеҳсолотчиёни ватанӣ, содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, сода гардонидани ҳуҷҷатгузориҳо ва таъмини ҳавасмандии деҳқонону боғдорони ҷумҳурӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд






