Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нуқтаи хизматрасонӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар назди бозори Панҷшанбе, ки аксари сайёҳон ва ҷаҳонгардон бештар ба ин мавзеъ меоянд, ба фаъолият шуруъ намуд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти чунин нуқтаҳои хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ба ҳифзу пешгирии ҳар гуна хавфҳои зараровар барои гаштугузори озодонаи сайёҳон мусоидат менамояд.
Зимни ифтитоҳи он муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, сардори шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва тарабхонаҳо аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад






