Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамкорӣ бо намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур ван Дизен вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ, раванди татбиқи Барномаи давлатии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи 2030 ва «Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ барои солҳои 2023-2027» мубодилаи афкор намуда, тавсеаи равобитро дар чаҳорчӯби рушди фаъолияти волонтёрӣ зарур донистанд.
Ҷонибҳо робитаҳоро дар самти кор бо ҷавонон муҳокима намуда, омодагии якдигарро баҳри дар оянда тақвият бахшидани ҳамкорӣ иброз намуданд.
АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






