Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ иброз намуд, ки «Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат, омӯхтани он, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, ба оламиён муаррифӣ намудани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини аҳли илму адаб ва фарҳангу санъат маънидод намуданд. Президенти мамлакат иброз намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили ҷумҳурӣ ва дар арсаи байналмилалӣ иқдоми зиёд амалӣ мегардад.
Гуфта шуд, ки Президенти мамлакат бо ифтихор ва қаноатмандӣ иброз доштанд, ки «соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида-Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад».
Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар ҳамоиш устодону донищҷӯён дар мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи бойгонишиносӣ», «Паёми Президенти мамлакат -барномаи ояндасози соҳаи китобдорӣ», «Вазъи библиографинамоии осори Пешвои муаззами миллат», «Нақши бойгонии давлатии таърихи навтарин дар нигоҳдориии ҳуҷҷатҳои таърихӣ», «Инъикоси масъалаҳои китобдорӣ дар матбуоти тахассусӣ» ва «Қироати шеър дар васфи Паём» сухан намуданд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода










Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






