Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо оғоз ёфтанд
ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо нисбатан гарм шудани ҳаво дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо оғоз шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ба корҳои роҳсозӣ оғоз бахшида, барои таъмиру мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ, тоза нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят ва Идораи хоҷагии манзиливу коммуналӣ дастуру супориш дод.
Ба иттилои мутахассисон, дар минтақаҳои гуногуни шаҳр давоми чанд рӯзи оянда беш аз 20 ҳазор метри мураббаъ роҳ мумфарш мешавад.
Мумфаршкунӣ ва таъмири қисматҳои алоҳидаи роҳҳоро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат-2018» ба сомон мерасонад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд инчунин шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров ба масофаи беш аз даҳ километр (аз ду самти ҳаракат) мумфарш мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






