Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад

Апрель 7, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17-19 июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» гузаронида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» бо мақсади дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, амалӣ намудани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли даҳум аст, ки дар вилояти Суғд ташкил мешавад

Дар доираи Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар ин ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунашонро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Намоишгоҳи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023», ки 22 — 24  июн доир гардида буд, 500 меҳмон аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Корея Ҷанубӣ иштирок намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 7, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид