Дар Суғд масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид

Апрель 8, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 марти соли 2024  таъкид намуданд, ки «бегонапарастӣ дар сарулибос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ–бегонашавии фарҳанг аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад». Ин матлаб зимни вохӯрии раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд таъкид гардид, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

Дар ҷаласа натиҷаи санҷиши якҷояи Кумита бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ки ба муайян намудани давомот, риояи ҳатмии либоси тавсиявӣ, бо телефони мобилӣ ба дарсҳо омадани хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилоят равона гардида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки  натиҷаи фаъолияти баъзе муассисаҳои вилоят қонеъкунанда набуда, то ҳол риоя нагардидани  пӯшидани либоси тавсиявӣ, бо худ овардани телефонҳои мобилӣ ва давомоти сусти хонандагону донишҷӯён ба дарс ба чашм мерасад.

Раиси Кумита аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ талаб намуд, ки бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳиро дар   масъалаҳои  номбаршуда пурзӯр намоянд.

Дар ҷаласа перомуни масъалаҳои давомоти хонандагон, сатҳу сифати дониш, касбияти омӯзгорон, раванди таълиму тарбия, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ дар муассисаҳо ибрози андеша   шуд.

Бо ёдоварӣ аз тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» роҳбарияти Кумита иброз намуд, ки минбаъд шаҳрвандон уҳдадор ҳастанд, ки баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ таълими миёнаи умумиро мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ гиранд. Дар ин раванд директорони муассисаҳо даъват шуданд, то гурӯҳҳои кории тарғиботию ташвиқотиро аз ҳисоби омӯзгорон таъсис дода, фарогирӣ ва нақшаи қабулро дар соли хониши минбаъда пурра ба иҷро расонанд.

Инчунин дар ҷаласа вобаста ба таъкидҳои Президенти ҷумҳурӣ оид ба соҳибкасб ва ҳунарманд намудани ҷавонони ва супориши протоколии ҷаласаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то охири моҳи июн аз таъмири асосӣ баровардан ва ба истифода додани бино ва иншооти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ёдовар шуда, баён доштанд, ки дар айни замон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҳамаи муассисаҳои таълимии дар шаҳри Душанбе будаи ин зинаҳои таҳсил аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо Лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд навсозӣ ва таъмири 17 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро ба нақша гирифта, кор дар ин самт оғоз гардидааст.

Раиси Кумита оид ба якчанд мушкилии ҷойдошта дар ин самт, аз ҷумла додани тахассуси то 3 дараҷа, ки нокифоя мебошад, иброз намуд, ки ин масъала дар мамлакатҳои пешрафта, аз ҷумла Федератсияи Русия ва давлатҳои Аврупо то 8 дараҷа дода мешавад.

Бинобар ин, Кумита ба нақша гирифтааст, ки ихтисосҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро то 500 номгӯй расонад. Таъкид гардид, ки Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ таҷдиди назар шуда,  дар назар аст, ки бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷумҳурӣ муҳлати таҳсил дар ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ аз 3 ба 2 (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) аз 4 ба 3) сол расонида шавад.  Нақшаҳои таълимӣ бо зиёд намудани соатҳои таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ аз нав коркард  мешавад.

Ҳамчунин Раиси Кумита дар бораи омода намудани шунавандагон дар машғулияти кӯтоҳмуддати касбҳои коргарӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки соатҳои назариявӣ кам шуда, соатҳои амалӣ зиёд карда шаванд. Дар ин замина роҳбарони муассисаҳои таълимӣ муваззаф шуданд, ки ҳарчӣ зиёдтар шаҳрвандонро ба касбомӯзӣ ҷалб намоянд ва гурӯҳҳои мақсаднок ва таълимиро дар деҳаҳои дурдаст бо муҳайё намудани заминаи моддию техникӣ ва таъмини омӯзгорону устоҳои таълимӣ боз намоянд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 360 омӯзгор намерасад. Инчунин зиёда аз ин дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон ва устоҳои таълимии ғайриихтисос фаъолият менамоянд. Аз  такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ мушкилоти дигари соҳа ба ҳисоб рафта, минбаъд  омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ҳар 3 сол аз машғулияти такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шаванд, иброз дошт раиси Кумита.

Доир ба норасоии китобҳои дарсӣ, таҳияи модулҳои таълимӣ ва адабиёти тахассусӣ то охири соли таҳсили 2023-2024 ва мунтазам дастрасии онҳо ба муассисаҳои таълимӣ, рақамикунонии соҳа, ташкили Портали ягонаи электронии Кумита, ташкили машғулияти кӯтоҳмуддати забономӯзӣ вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ», иштироки фаъоли шогирдон дар озмунҳои фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,«Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба масъулин ва роҳбарияти муассисаҳо супоришҳо дода шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имсол бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад. Аз роҳбарони муассисаҳо даъват шуд, ки даври аввали озмунро дар муассисаҳо гузаронида, хонандагону донишҷӯёни беҳтаринро ба даври ниҳоии озмун, ки моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҷалб намоянд.

Дар интиҳои ҷаласа Фарҳод Раҳимӣ  роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғдро ба ободониву сабзазоркунӣ, гузаронидани ҳашарҳои дастҷамъӣ, дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудан, риояи ҳатмии қонунҳои мамлакат, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноятсодиркунӣ, даст ба худкушӣ задани наврасону ҷавонон, гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, истифодаи оқилонаи шабакаҳои интернетӣ ва ғайра даъват намуд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо фаъолияти муассисаҳои давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан шинос шуда, ба масъулин вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳо дод.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таълимии Хатлон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ 987 медал ба даст оварданд
Байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини самараноки захираҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба энергетика ва дурнамои рушд конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаби баррасӣ гардид
ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чанд рӯз ба таътил мебароянд?
Дар шаҳри Ҷинан мулоқоти намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин доир гардид
Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули таҷриба ба Чин мераванд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Дар Душанбе маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ доир шуд