Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел, тақрибан соати 05:30 дар деҳаи Кӯчабоғи Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷаби ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар натиҷаи бориши шадид сатҳи оби дарёи Ёхсу боло рафта, дар натиҷа деворе, ки дар масофаи 25—30 метр соҳили рости дарёро муҳофизат мекард, зарар дид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Кормандони кумита барои ҳимоя аз оқибатҳои баландшавии сатҳи оби дарё дар якҷоягӣ бо кормандони Идораи мелиоратсия ва обёрии ноҳия бо истифода аз 5 техникаи муҳандисӣ дар масофаи 55 метр 65 метр плитаҳои оҳану бетонӣ гузошта, онҳоро бо симтаноб ба ҳам васл намуданд.
Инчунин 15 апрел, соати 00:15 боронҳои пуршиддат сабаби бо лойқаву селовардаҳо пур шудани канали Чоряккорони ноҳияи Сино шуданд. Дар натиҷа об аз соҳили канал берун шуда, роҳеро, ки аз маҳаллаи Чоряккорон ва Зафар мегузашт, баст. Бо ёрии 20 техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳияи Сино вазъи баамаломада бартараф ва ҳаракати мошинҳо ба роҳ монда шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз, соати 01:26 бар асари боронҳои пуршиддат дар хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ оби борон сабаби баста шудани роҳ ба масофаи 150 метр шуд. Бо ёрии ду техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия роҳ тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо барқарор шуд.
Бар асари боронҳои шиддатнок ва давомдор дар якчанд нуқтаи аҳолинишини деҳоти шаҳраки ба номи Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ болоравии сатҳи об дар селгузар мушоҳида шуд. Дар натиҷа об ҳавлии сокинонро пур кард. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида ва бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ фаъолият мебарад.
Ҳамчунин дар қаламрави шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи борони пуршиддат болоравии сатҳи об дар канали Янгиқурғон сабт шуд. Дар натиҷа об ба ҳавлии яке аз сокинон ворид гардид.
Дар натиҷаи омадани сел дар қаламрави мамлакат талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамеша сокинонро огоҳ менамояд, ки заҳбур ва каналҳои обгузарро тоза намоянд. Мутаассифона, ин кор аз ҷониби масъулин ва сокинон амалӣ намегардад, аз ин рӯ дар рӯзҳои боронӣ чунин ҳолатҳо ба амал меоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст






