Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид

Апрель 16, 2024 15:18

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Салтанати Уммон борони шадиде, ки рӯзи якшанбе оғоз ёфт, идома дорад. Бориши зиёд боиси обхезиҳое гардид, ки то ин замон 15 нафар ҳалок шудаанд. Мақомот бедаракшудагонро ҷустуҷӯ дошта, шаҳрвандони кишварро даъват менамоянд, ки ҳангоми номусоид будани обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ  андешанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Kazinform бо истинод ба «Timesof Oman» хабар додааст.

Рӯзи душанбе хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ ва изтирории Уммон ҷасади мардеро, ки дар вилояти Аш — Шарқияи Шимолӣ нопадид шуда буд, пайдо карданд.

«Дар доираи талошҳои гурӯҳҳои ҷустуҷӯии раёсати мудофиаи шаҳрвандӣ ва ёрии таъҷилии вилояти Аш-Шарқияи Шимолӣ ва инчунин бо дастгирии ҷонибҳо ва шаҳрвандон ҷасади як гумшудаи дигар пайдо шуд. Ҷустуҷӯи се нафари дигар, аз ҷумла як кӯдак идома дорад», — иброз намуданд дар раёсати мудофиаи шаҳрвандӣ ва ёрии таъҷилии Уммон.

Гурӯҳҳои ҷустуҷӯии Департаменти мудофиаи шаҳрвандӣ ва ёрии таъҷилии вилояти Аш — Шарқияи Шимолӣ баъдтар ҷасадҳои кӯдак ва занро пайдо намуданд, ки дар натиҷа шумораи ҳалокшудагон дар Салтанат ба 15 нафар расид.

Тибқи маълумоти департаменти обуҳавошиносии Уммон, дар вилоятҳои Ал-Шарқияи Ҷанубӣ, Ал-Шарқияи Шимолӣ, Ал-Дохилия ва дар баъзе ноҳияҳои Ал-Доҳира ва Ал-Вусто ҳоло боронҳои пуршиддат меборанд, ки шамоли бошиддат ва баъзан раъду барқ низ бо худ доранд.

АКС: Раёсати мудофиаи гражданӣ ва ёрии таъҷилии Уммон

Апрель 16, 2024 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд