Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд

Апрель 25, 2024 16:39

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раванди иҷрои Барномаи тасдиқшуда- фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат, расонидани кумаки техникӣ ва машваратии дар доираи ин барнома пешбинишуда барои рушди иқтидори инсонӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори Департаменти давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ Ҷиҳод Азур ва роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Метю Гартнер дар Вашингтон баррасӣ гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки вохӯриҳо дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ доир гардида, ҷонибҳо атрофи имконоти маблағгузории дарозмуддат барои таҳкими муқовимат ба шокҳои беруна ва тағйирёбии иқлим суҳбат намуданд.

Инчунин дар доираи ҷаласаҳои баҳорӣ Фирдавс Толибзода бо муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор Бо Ли оид ба татбиқи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат ва ба ин васила баланд бардоштани устувории буҷетӣ, шаффофият, нигоҳ доштани суботи макроиқтисодиву молиявӣ ва таҳкими идоракунӣ мулоқот намуд.

Фирдавс Толибзода инчунин дар ҳамоиши вазирон ва мудирони минтақавии Қафқоз ва Осиёи Марказии Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки таҳти роҳбарии муовини директори хазина Бо Ли баргузор гардид, иштирок намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 25, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид