ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт

Апрель 20, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҷлил мешавад.

Тоҷикон аз давраҳои дури таърихӣ миллати дорои маданияти баланд, меъмору бунёдкор буда, ободиву созандагӣ шиори ҳамешагиашон ба шумор мерафт. Шаҳрҳои бузурги таърихии гузаштагонамон, ба мисли Тайсафун, Курушкада, Экбатан, Мидия, Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Хуҷанд, Бунҷикат ва дигар шаҳру ҳисорҳои тоҷикон давоми асрҳо халқу миллатҳои дигарро бо санъати баланди меъморӣ ва тозагиву маданияти баланди шаҳрдорӣ ба ваҷд оварда буд. Аҷнабиён зимни ҳамлаҳои ғоратгароёна кӯшиш мекарданд, ки аввал намунаи санъати баланди тоҷиконро, ки бо бунёди кӯшку ҳисор ва қасрҳои нотакрор инъикос гардида буд, аз байн баранд. Ҳарчанд шаҳрҳои бузурги тоҷикнишин давоми асрҳо борҳо ғорат гардидаву намунаи волои мадании он нобуд гардидааст, аммо меҳру муҳаббат ва боварии тоҷикон нисбат ба бунёдкориву созандагӣ заррае кам нагардида, баръакс дар замони муосир бо намунаи наву ҷадидтар инкишоф ёфтааст.

Имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанберо дар тамоми сайёра ҳамчун шаҳри гулҳо, шаҳри ҷавонӣ, шаҳри зебоӣ, шаҳри таровату покизагӣ, шаҳри нафосату озодагӣ ва бунёдкориву ободӣ мешиносанд. Дар ҳақиқат давоми солҳои охир Душанбеи нозанин симои худро куллан тағйир дода, аз  шаҳри миёнаҳоли солҳои пеш аз соҳибистиқлолӣ ба бузургшаҳри минтақа табдил ёфтааст. Инфрасохтори ҷадиди бо санъати меъмории шарқиёна ва аврупоӣ омезишёфта, кӯчаҳои барҳавои сабзу хуррам, боғу хиёбонҳои табииву саршори гулу зебоӣ, аҳолии соҳибхирад ва дорои маданияти баланди шаҳрнишинӣ, эҳёи пайвастаи арзишҳои фарҳанг ва таърихи миллати тоҷик аз ҷумлаи вижагиҳои хосе мебошанд, ки имрӯзҳо ба рамзи хоссаи Душанбеи азиз табдил ёфтаанд.

Дар пайи ҳамаи ин бунёдкориву созандагиҳо маҳз иродаи қавии сиёсӣ ва бовариву эътимоди роҳбари ҷавони Душанбешаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ меистад. Баъди соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ корҳои ободониву созандагӣ бо қувваву неруи тоза авҷ гирифтанд. Давоми ин муддат чандин лоиҳаҳои бузурги бунёдкорӣ оғоз гардида, пурра анҷом ёфтанд. Маҷмааи бузурги маданиву фарҳангии «Майдони Истиқлол» аз ҷумлаи бузургтарин навгониҳои меъмории пойтахт аст, ки имрӯз муаррифи пойтахти тоҷикон гардидааст. Маҳз ҳамин нуктаро ишора намуда, шоире гуфтааст:

Қомати сабзи иморатҳои ту,
То ба домони фалак печидааст.
Бо сахои Рустами Эмомалӣ,
Бӯса аз рухсораи маҳ чидааст.
 

Дар баробари ин ҳама бунёдкориву созандагӣ дар шаҳри Душанбе соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт низ ба таври назаррас тараққӣ намудааст. Таҳти сарварии хирадмандона ва дурандешонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми солҳои охир дар пойтахти ҷумҳурӣ маҷмуи зиёди корхонаҳои саноатӣ ва заводу фабрикаҳо бунёд гардида, ба истифодаи умум қарор дода шуд. Сатҳи зисту зиндагии аҳолӣ дар натиҷаи сиёсати инсонпарваронаи шаҳрдори ҷавони пойтахт бамаротиб беҳтар гардид.

Дар баробари бунёди инфрасохтори наву замонавӣ дар пойтахт ҳамзамон ба сатҳи баланди меъмории миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангии гузаштагони пуршарафамон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва Раиси шаҳри  Душанбе дар гӯшаву канори пойтахт барои муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикона бунёди бинову муассисаҳои фарҳангӣ бо усули меъмории қадимӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ барои тамошои онҳо ба маротиб афзун гардида, дар муаррифии пойтахти азизамон саҳми назаррас дорад.

Президенти Тоҷикистон нақши шаҳри Душанберо ҳамчун муаррифи фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон ёдовар гардида, иброз доштаанд, ки «имрӯз пойтахти ҷумҳурӣ –шаҳри Душанбе ба маркази тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дастгириву рушди суннату ойинҳои бостонии халқамон табдил ёфтааст».

Бо ҷалби сармоягузории мустақим ва ғайримустақими хориҷӣ ва дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли инфрасохтори саноатии пойтахт ба он оварда расонид, ки  ҳоло саҳми корхонаву муассисаҳои шаҳри Душанбе дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 19 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи коркард, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, тавлид ва тақсими неруи барқ, коғаз, фаъолияти полиграфӣ ва коркарди маҳсулоти сохтмонӣ нисбат ба солҳои пеш чанд маротиба афзудааст, ки аз таваҷҷуҳи баланди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба татбиқи босамари ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ, яъне саноатикунии босуръати мамлакат гувоҳӣ медиҳад.

Дар солҳои охир пайваста бо иқдому супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ биноҳои маишиву хизматии ҳудуди пойтахт аз таъмир бароварда шуда, садҳо мактабу бемористони наву замонавӣ ва муассисаҳои фарҳангии нав бунёд карда шуданд ва минбаъд низ ин созандагиҳо идома хоҳанд ёфт. Бо мақсади баланд бардоштани маънавиёт ва дараҷаи фарҳангу маданияти аҳолӣ ва болидахотирии меҳмонони пойтахт ба таври ҳамешагӣ дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳр барномаҳои фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.

Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба масъалаи ташаккули илму маорифи пойтахт низ диққати алоҳида дода мешавад. Бо супориш ва назорати қатъии Раиси шаҳри Душанбе шуруъ аз соли 2023 дар пойтахти мамлакат якчанд озмунҳои илмиву маърифатӣ доир карда мешаванд. Ҷоиза ва стипендияи Раиси шаҳри Душанбе аз ҷумлаи  ҳамин иқдоми маорифпарваронаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки барои тавсеа бахшидан ба сатҳи саводнокиву донишандӯзии наврасону ҷавонон ва дастгирии олимону ҳунармандони ҷавон равона гардидааст. Бешубҳа, ин иқдоми накӯ ба беҳтар гардидани вазъ ва ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуфташуда замина гузошта, омили эҳёи шукуҳу шаҳомати миллати тоҷик ва бунёди мегаполиси бузург дар атрофи пойтахти ҷумҳурӣ мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз нақши калидиву бунёдии шаҳри Душанбе дар ташаккули маънавиёту фарҳанг ва маданияти шаҳрдориву шаҳрсозии тоҷикон ёдовар мешаванд. Сарвари давлат дар суханронӣ ба муносибати таҷлили ҷашни наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе соли 2018 иброз намуда буданд, ки «шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар рушди фарҳанги миллӣ ва таҳкими маънавиёти ҷомеа нақши калидӣ дорад».

Имрӯз Душанберо ҳамчун ҷавҳари ҷилоноки байни кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон мешиносанд. Нуру ҷило ва шаҳомату шукуҳи Душанбеи нозанин онро ба тоҷи тоҷикони дунё ва зеби ҷаҳон табдил додааст. Душанбе ба шаҳри ишқу меҳрубонӣ ва бахту гулфишониҳои тоҷикон табдил ёфта, корзори бунёдкории он арсаи қаҳрамониҳои ҷавонмардони миллат гардидааст.

Даврон САФАРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон