Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бангкок дар чаҳорчӯби иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ /СПЕКА/ баргузор гардид, ки онро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлидин Нуриддинзода роҳбарӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа иҷрои қарорҳои Декларатсияи СПЕКА (24 ноябри соли 2023, Боку), масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи баланди СПЕКА дар Душанбе, таъсиси Фонди боварии СПЕКА, иқтисоди «сабз», содагардонии расмиёти савдо ва рафъи монеаҳои ғайритарифӣ дар савдо баррасӣ шуда, аз натиҷаи он Изҳороти муштараки вазирони СПЕКА қабул гардид.
Ҷаласаҳои вазирони СПЕКА ҳамасола таҳти роҳбарии давлати раисикунанда доир мегарданд. Тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати СПЕКА-ро дар соли 2024 ба уҳда гирифтааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






