«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПЕШВОИ НАВРӮЗ». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Пешвои миллат — Пешвои Наврӯз» — таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷмуаи мақолаҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба чоп расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд, китоб аз се қисм иборат буда, дар қисмати аввал, ки «Аксҳо- ифшогари рози Наврӯз» ном дорад, силсилааксҳои раванди иштироки Пешвои миллат ва адибону аҳли ҳунару фарҳанг дар тантанаҳои наврӯзӣ гирд омадаанд.
Бахши дуюми китоб «Пешвои миллат-Пешвои Наврӯз» ном дорад, ки саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё ва густариши доманаи ин ҷашни фархунда дар даврони истиқлол фаро мегирад.
Бахши сеюми китоб бо номи «Наврӯз ва масоили дигари он» аз 22 мақолаи гуногунмуҳтавои олимону пажуҳишгарон иборат буда, дар онҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ин ҷашни қадимӣ ва мардумитарини тоҷикон ибрози назар шудааст.
Маҷмуа барои равшанӣ андохтан ба паҳлуҳои то кунун таҳқиқнашудаи Наврӯзи байналмилалӣ ба хонанда кумак менамояд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






