Пойгоҳи обкашии «Янтоқ 3»-и ноҳияи Мастчоҳ пурра аз таъмир бароварда шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пойгоҳи обкашии «Янтоқ 3»-и ноҳияи Мастчоҳ, ки дорои 4 агрегат аст, барои фаъолият дар мавсими кишти баҳорӣ омода мебошад. Тавассути ин пойгоҳ зиёда аз 4600 гектар замини ноҳия обёрӣ гардида, он пурра аз таъмир бароварда шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин пойгоҳи обкашӣ иттилоъ дода шуд, ки таъмири саривақтӣ ва фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашии ноҳия таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, соли равон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ду муҳаррики барқӣ бо тамоми таҷҳизоташ ва 100 метр қубурҳои қутраш 820 мм ба маблағи умумии зиёда аз 3,3 миллион сомонӣ дастрас гардид. Анҷоми ин амал фаъолияти пойгоҳҳои обрасониро таъмин намуда, деҳқонон бе ягон мушкилӣ ба оби полезӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ 17 пойгоҳи обкашӣ бо фарогирии 56 дастгоҳи барқӣ мавҷуд буда, тавассути он зиёда аз 22 ҳазору 500 гектар замини ноҳия обёрӣ карда мешавад. Ҳамчунин тавассути 570 адад чоҳи амудӣ дар вақти кишту кор хоҷагидорон бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.
Акс: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






