Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар масоҳати умумии 3 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Шароити муҳайёгардида дар ин марказ имконият медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 200 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 2400 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 25 компютер, толори таҷрибаомӯзӣ, толори бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, ҳуҷраи санитарию гигиенӣ, ҳуҷраҳои барҳавои корӣ барои маъмурият, 3 устохонаи таълимӣ, китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд, толори маҷлисгоҳ барои 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ бунёд гардид.
Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, он бо мақсади ҷалби сармоя ба истеҳсолот оид ба беҳтарсозии малакаҳои касбӣ дар доираи ҳамкории дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардид.
Сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуд. Баъди ба истифода додани Марказ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла устои барқ, кафшергар, андовагар ва усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои куриёӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад. Ҳамчунин дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, пардозгарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дар заминаи маркази мазкур барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занон бунёди 3 маркази нави рушди малакаҳо дар назар аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудаанд. Шароити фароҳамгардида дар маркази мазкур имкон медиҳад, ки новобаста аз синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар ин ҷо ба таври ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Иншооти навбунёд бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он 36 камераи назоратӣ насб гардидааст.
Инчунин дар саҳни бинои муосир майдончаи хурд барои бозии футбол бунёд шуда, атрофи он бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро ёфтаанд.
Дар иншоот панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки биноро ҳама вақт бо неруи барқ таъмин менамоянд. Ҳамчунин синфхонаҳо ва дигар ҳуҷараҳои ёрирасони он ба системаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон дохили бино бо гармӣ таъмин мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулин барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Пешвои миллат: «Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд






