Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Деҳлии Нав вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо шарикон аз Конфедератсияи байналмилалии саноатӣ, Федератсияи палатаҳои савдо ва саноат ва Палатаи савдо ва саноати Ҳиндустон доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар мулоқот масъалаҳои мубрам, аз ҷумла имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ дар самтҳои саноат, энергетика, рақамикунонӣ, истихроҷ, коркард, банду баст, дорусозӣ, сайёҳӣ, логистика, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шароити барои соҳибкорону сармоягузорон фароҳам овардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.
Бо назардошти имконияти мавҷуда изҳори ҳавасмандӣ карда шуд, ки ширкатҳои Ҳиндустон истеҳсоли молу маҳсулоти саноатиро дар Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат амалӣ намоянд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода ҳамзамон бо ҳамтоёнаш масъалаи баргузории намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва бизнес-форумҳо, ташкили ҳайатҳои тиҷоратии ду давлат, муаррифии молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва ҷалби техникаю технологияи Ҳиндустон ба Тоҷикистонро муҳокима намуда, даъват намуд, ки ҳайати баландпояи Ҳиндустон бо ҷараёни фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатии мамлакат аз наздик шинос гарданд. Ин даъват бо мамнуният пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагиашонро ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баён намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






