Созишномаи ҳамкорӣ дар самти ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд

Апрель 3, 2024 16:08

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва намояндаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзиии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар самти ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд, ба мувофиқа расиданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ байни Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) ва Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Созишномаи ҳамкорӣ дар самти ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2024 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст