Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айни замон лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» амалӣ мешавад. Тибқи нақша, таҷдид ва навсозии агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» дорои шаш агрегат буда, сохтмони он соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шуд. Иншооти гидроэнергетикӣ аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт ба кор даромада, бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра таҷҳизоти неругоҳ кӯҳнаю фарсуда гардид ва зарурати таҷдид ва навсозии он ба миён омад.
Барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду навсозӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд








Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






