«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи ситоди чумҳуриявии «Тобистон-2024» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раиси Ситоди ҷумҳуриявии «Тобистон-2024» Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки ҳоло иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.
Гуфта шуд, ки имсол чун солҳои қаблӣ омодагӣ ба маъракаи бағоят муҳим — ҷалби кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ҷумҳурӣ дар мавсими тобистони имсола вусъат мегирад. Ташкилоти иттифоқҳои касаба вобаста ба иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» аз 27 феврали соли 2024 барои истироҳати бофароғати тобистонаи кӯдакон ва наврасон корҳои муайянро амалӣ менамояд.
Федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт ҳамоҳанг сохта, якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи бо кадрҳои роҳбарикунандаи омӯзгорӣ, аз ҷумла сарварони истироҳатгоҳҳо, мутахассисони тиб, ошпазҳо, дастурдеҳони тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, омӯзгорон ва мураббиҳо таъмин намудани истироҳатгоҳҳоро ҳал намуда, барои муҳайё намудани шароити зарурӣ чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Мувофиқи маълумот, аз ташкилоти ҳамузви Федератсия имсол 31 лагери беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони имсола изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






