УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Дар Тоҷикистон консерти ботантанаи арбобони санъати Узбекистон баргузор мегардад

Апрель 15, 2024 15:45

ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар доираи сафар ҳамчунин барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони «Дӯстии ҷовидон» доир мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар таҳкими муносибати ду давлати дӯсту бародар сафари  давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  моҳи марти соли 2018 доир шуд,  нақши босазо гузошт. Зимни ин сафар 27 санади байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд.

Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 августи соли 2018 ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари давлатӣ анҷом доданд, ки зимни он 26 санад ба тавсиб расид. Ин созишномаҳо барои рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории байни ду давлат ва мардум, инчунин барои сулҳ, субот, амният ва рушди устувор дар минтақа хизмат менамоянд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар барномаи «Шоми дӯстӣ» дар Ҷумҳурии Узбекистон иброз намуданд,  «халқҳои мо садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлуи ҳам зиндагӣ кардаанд. Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанданд. Гузашта аз ин, дар давлатҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории  тоҷику узбек мебошанд. Ниёгони шарафманди мо давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмӣ ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд. Ин мероси ниёгони мо сармояи бузурги маънавӣ буда, ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ намоем».

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ, инчунин пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду давлати ҳамсоя ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Узбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дорад.

Масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, баррасӣ мешаванд.

Ҷонибҳо ба густариши муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Данғара Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз бойгонӣ

Апрель 15, 2024 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд