Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид

Апрель 18, 2024 19:10

ДУШАНБЕ,18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, Вазири кишоварзии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов ҳамроҳ бо Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи /ҶСК/ «Агротехсервис» аз наздик шинос гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Роҳбари корхона меҳмононро бо коргоҳҳои истеҳсолӣ, ки самти фаъолияташ ба васлу насби техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ нигаронида шудааст, шинос намуд.

Таъкид шуд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, табодули таҷриба ва техникаву мошинолотҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар ҳарду давлат ба манфиати кор буда, меҳнати кишоварзонро осон ва пурсамар менамояд.

Дар идомаи сафар меҳмонон ба майдони «Боғи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Узбекистон» рафта, омодагиашонро барои бунёди боғи интенсивӣ дар ҳудуди ин боғ иброз доштанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 18, 2024 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид