Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зарбаи ҳавоиро ба Консулгарии Эрон дар шаҳри Димишқ қатъиян маҳкум намуд

Апрель 2, 2024 17:37

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зарбаи ҳавоиро ба Консулгарии Эрон дар шаҳри Димишқи қатъиян маҳкум намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст:

«Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаи ҳавоии ба Консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия расонидашударо, ки дар натиҷаи он чандин нафар кушта ва захмдор гаштаанд, қатъиян маҳкум менамояд.

Мо чунин амалҳоро, ки вайрон кардани ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла конвенсияҳои Вена мебошанд, комилан ғайри қобили қабул мешуморем».

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 2, 2024 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид