35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон 277 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд
БАЛҶУВОН, 12.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 277 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода мешаванд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар маркази ноҳия охирин корҳои сохтмонӣ ва сабзазоркунии амфитеатр ва боғи истироҳатӣ идома дошта, аз рӯи нақша имсол ба истифода дода мешаванд.
Инчунин сохтмони бинои Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат идома дорад. Муассиса барои 1200 хонанда пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншоот Директсияи сохтмони иншооти Ҳукуматии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафо-як» мебошад. Ширкат барои сохтмончиён шароити мусоиди кор муҳайё намуда, музди меҳнати коргарон сари вақт пардохт карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо сабаби нарасидани синфхонаҳо ва ба талабот ҷавобгӯ набудани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 корҳои сохтмонӣ дар бинои нав бо суръат идома доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд






