35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб сохтмони беш аз 30 иншооти баландошёна идома дорад

Май 19, 2024 15:26

КӮЛОБ, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби 25 ширкати сохтмонӣ бунёди беш аз 30 иншооти баландошёна идома дорад.

Давоми панҷ соли охир дар шаҳри Кӯлоб сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ вусъати тоза пайдо намуда, бунёди биноҳои баландошёнаи аз 9 то 26 ошёна шуруъ гардид. Баъзе иншоот алалкай мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти дигар сохтмон идома дорад.

Тавре сармеъмори шаҳри Кӯлоб Алишер Бобоҷонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҶДММ “Хосор-С” дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр сохтмони бинои даҳошёнаи истиқоматиро, ки соли 2019 оғоз намуда буд, бо риояи қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ пурра ба анҷом расонид. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдою хизматрасонӣ ва дар нуҳ ошёнаи дигар 70 хонаи истиқоматӣ ҷойгир мебошанд.

Бинои дигари баландошёна аз ҷониби ҶДММ “Кӯлоб-саноатсоз” дар кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев бунёд карда мешавад. Аз рӯи лоиҳа дар ин мавзеъ аз ҷониби ширкати сохтмонӣ чор бино сохта мешавад, ки ҳоло дар бинои аввал сохтмон идома дорад.

ҶДММ “Шаҳриёр-44” дар кӯчаи ба номи Сангак Сафаров соли дуюм аст, ки биноҳои баландошёна месозад. Дар корҳои бунёдӣ аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода бурда мешавад. Корҳои асосии бунёдӣ дар ошёнаи 13-уми бинои якум идома доранд.

Ширкати дигари сохтмонӣ ҶДММ “Бунёд-2” мебошад, ки дар шаҳри Кӯлоб аллакай як бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод. Дар айни замон бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёди бинои дигари баландошёнаи истиқоматӣ идома дорад. Бино аз 12 ошёна ва беш аз 80 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи шашуми иншоот идома дошта, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода супорида мешавад.

ҶДММ “Махсус” дар шаҳри Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иншооти гуногуни маданию маишӣ, хизматрасонӣ ва маъмурӣ бунёд менамояд. Ҷамъият дар маҳаллаи Шамсиддини Шоҳини шаҳри Кӯлоб аз моҳи сентябри соли 2023 бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматиро оғоз намудааст. Дар айни замон бо ҷалби техникаҳои соҳавӣ ва мутахассисони маҳаллӣ корҳои оҳану бетонӣ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 19, 2024 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд