Ҳайати Тоҷикистон аввалин маротиба дар Форуми ҷаҳонии «Маориф-2024» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 май ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аввалин маротиба дар Форуми ҷаҳонии «Маориф-2024», ки ҳамасола аз ҷониби Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Лондон ташкил карда мешавад, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Дар Форуми ҷаҳонии маориф вазирони маорифи кишварҳои гуногун ва намояндагони ширкатҳои дунё, ки дар самти маориф фаъолият менамоянд, иштирок доранд.
Дар форуми ҷаҳонии «Маориф-2024» ҳайатҳои 159 кишвари дунё иштирок намуда, дар он вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳайатҳои давлатҳои гуногун баргузор мегарданд.
Имсол дар доираи баргузории ин форум вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо ҳайатҳои давлатҳо ва ширкатҳои гуногун дар назар аст.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






