«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Нақши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар таҳкиму густариши забону адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази иттилоот ва таҳлили ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Конференсия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақдими «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ҳар хонаводаи мамлакат гузаронида шуд.
Ректори донишгоҳ Аюб Усмонзода иброз намуд, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ҳақиқат ҳамосаи беназиру безаволи миллии мо аст, ки ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «он танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст».
Гуфта шуд, ки ташаббуси Пешвои миллат дар шароити нави таърихӣ барои тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ баъд аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафурв ба ҳар хонадони тоҷик иқдоми шоистае аст, ки воқеан дар таҳкими оини ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, маърифати таъриху фарҳанги миллат нақши созгор хоҳад гузошт. Ин ду асари безавол, ки ҳарду ҳам ба таъбири Пешвои миллат, «сарчашмаи худшиносии миллӣ» ба шумор мераванд, метавонанд нақши сарнавиштсозе барои имрӯзу фардои мо ва наслҳои оянда гузоранд. Ин асари безавол, ҳарчанд ба сифати як ҳамосаи беназири миллӣ ба таври манзум ба қалам омадааст, вале дар матни он ҳазорон мавзуи дархури ниёзҳои мардум, таъриху фарҳанги миллат, ҷаҳоншиносӣ, оину суннатҳои миллӣ, таърихи давлатдорӣ, кашфи унсурҳои зиндагӣ, мардумшиносӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ таҷассум ёфтааст. Муҳимтар аз ҳама, «Шоҳнома» достони ватандӯстӣ, мардонагӣ, матонату ҷасорат ва диловариву қаҳрамонӣ аст, ки наслҳои инсониятро дар ҳама давру замон ба зуҳури паҳлавонӣ, ҳифзи марзу буми хеш, дӯст доштан ва муҳофизати Ватан чун муқаддасоти бузурги инсонӣ ҳидоят кардааст.
Дар идома дар мавзуъҳои ««Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва суннати эҷоди силсиладостонҳо дар адабиёти форсу тоҷик», «Мақоми Дақиқӣ ва «Гуштоспнома»-и ӯ дар коргоҳи эҷодии Фирдавсӣ», «Ҷаҳоншумулии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»» ва «Шуҳрати ҷаҳонии Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» –и ӯ» маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Аз ҷониби ректори донишгоҳ пешниҳод гардид, ки дар муассисаҳои маърифатии ҳамаи зинаҳои таҳсил, шуруъ аз кӯдакистон то мактабҳои олӣ маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ» ташкил шуда, дар асоси он озмуни ҷумҳуриявӣ низ баргузор карда шавад. Дар баробари ин, ректор масъалаи ҷорӣ намудани таълими «Шоҳнома»-ро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишкадаву донишгоҳҳои олии мамлакат ба сурати машғулияти иловагӣ, курсҳои махсус вобаста ба ниёзҳои риштаҳои таҳсил, нақши сарчашмавии ин ҳамосаи миллӣ дар бахшҳои адабиёт, забон, таърих, мардумшиносӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ, фарҳанги миллӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқ ва амсоли ин мувофиқи мақсад дониста, дар амри оммавигардонии шоҳномахонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамчун самараи истиқболи самимонаи мардуми тоҷик аз ташаббуси нодири Пешвои миллат оид ба тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонадони мамлакат тадбири судманд маънидод намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






