Бар асари боронҳои пуршиддат дар Тоҷикистон 133 километр роҳ ва 14 пул зери об мондааст

Май 24, 2024 09:07

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари бориши пай дар пайи рӯзҳои охир 133 километр роҳҳо ва 14 пул дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зери об монда, ба соҳаи роҳсозӣ хисороти ҷиддӣ расидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла, дар минтақаи Рашт 12 километр роҳ ва 7 пул хароб гардида, роҳдорон пайи бартарафсозии ин пайомад шабу рӯз кор мекунанд.

Барои аз наздик шинос шудан бо вазъи роҳҳо дар минтақаи Рашт гурӯҳи кории Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ин минтақа рафт.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 24, 2024 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон ба 42,5 миллиард сомонӣ баробар шуд
Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад