Бонки ҷаҳонӣ талошҳои Тоҷикистонро дар самти тавсеаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҷонибдорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Асад Алам дар Душанбе баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии низоми бонкӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат, инчунин дурнамои рушд ва густариши ҳамкориро бо таваҷҷуҳ ба истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда муҳокима намуданд.
Гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари низом бо назардошти аҳамияти афзояндаи бахши молиявӣ дар сабзгардонии иқтисод пайваста бо институтҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ба муассисаҳои молиявии мамлакат дар таҳия ва татбиқи таҷрибаи беҳтарини ESG, татбиқи барномаҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии хавфҳои экологӣ кумак мерасонад.
Мусоҳибон доир ба Лоиҳаи дастгирии сиёсати рушд (DPO) ва омӯзиши самтҳои нави шарикӣ барои дастгирии мақсадҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар оянда, аз ҷумла рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт табодули назар карда, татбиқи онро барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, хусусан рушди пардохтҳои ғайринақдӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ аз талошҳои Тоҷикистон дар самти вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилот ёдовар гардид. Гуфта шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ин кӯшишҳоро дастгирӣ менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






