Дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ тақвияти ҳамкории байнибонкӣ баррасӣ шуд

Май 17, 2024 09:31

ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки таҳти раисии Бонки рушди Қазоқистон ба таври маҷозӣ баргузор гардид, маъруза намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа ҳайатҳои расмии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои марбут ба вусъати ҳамкории байнибонкӣ дар доираи Иттиҳоди байнибонкӣ, таҳия ва татбиқи шаклҳои нави ҳамгироӣ бо мақсади баланд бардоштани самти маблағгузории муштараки лоиҳаҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои ESG байни бонкҳои аъзои ин Иттиҳод, ҳамкории бонкҳои аъзои Иттиҳод дар самти табодули таҷриба ва бозомӯзии мутахассисон бо мақсади баланд бардоштани иқтидори онҳоро баррасӣ намуданд.

Инчунин дар ҷаласа лоиҳаи Ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ дар самти маблағгузории ESG байни бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима гардида, барои имзо ба Шурои Иттиҳод пешниҳод гардид.

АКС: «Амонатбонк»

Май 17, 2024 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид