Дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» давоми 4 моҳ ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст

Май 31, 2024 17:45

ДУШАНБЕ, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» давоми моҳҳои январ-апрели имсол ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зимни шиносоӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона 32 дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар гардидааст, васеъ ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти фармоишоти дохилӣ корхона метавонад ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро тақвият бахшад.

Дар корхона беш аз 100 нафар машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.

Ба роҳбарияти ҷамъият дастур дода шуд, ки бо ворид намудани технологияи муосир майдони истеҳсолии корхонаро самаранок истифода баранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 31, 2024 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд