Дар вилояти Суғд масъалаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ баррасӣ шуд

Май 17, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 17.05.3024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд бо намояндагони ширкати чинии «Стейт инвестмент групп компани» вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи ҳамкорӣ ва воридсозии таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли неруи барқ аз офтобро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, талаботи корхонаҳо ба неруи барқ сол ба сол зиёд мегардад. Бо назардошти ин вилояти Суғд омода аст, ки барои истеҳсоли неруи барқи бештар аз фанновариҳои замон истифода намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкати чинӣ дар самти истеҳсоли неру аз ҳисоби нури Офтоб маъруф буда, чунин лоиҳаҳоро дар давлатҳои гуногун амалӣ кардааст.

Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки баҳри ба ширкат  ҷудо намудани замини зери сохтмон барои истеҳсоли энергияи “сабз”, бунёди бинои маъмурӣ ва омода намудани санаду ҳуҷҷатҳои зарурӣ мусоидат намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 17, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд