«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Май 28, 2024 20:00

РӮДАКӢ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он 172 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 35 донишҷӯи муассисаҳои миёнаи касбии ноҳия аз рӯйи 7 номинатсия- математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ рақобат намуданд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд корманди раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Содиқов иттилоъ дод.

Дар ҷараёни озмун маҳорату истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявӣ, донистани қонуну қоидаҳои математикӣ, назарияҳо, дуруст фаҳмонидани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва қоидаҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо муайян карда шуд. Дар натиҷаи баҳогузории аъзои ҳакамон  беҳтаринҳо муайян шуда, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки  Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар фазои илмӣ-таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст. Озмун аҳаммияти илмӣ-маърифатӣ дошта, ба рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, густариши ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Май 28, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад

Маводҳои таҳлилӣ