Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад

Май 18, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 18.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат, раъду барқ ва  жола аз эҳтимол дур нест.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+2 дараҷа гарм, рӯзона 19+4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат пешгӯӣ мешавад.  Раъду барқ ба амал омада, боридани жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони бошиддат борида, раъду барқ ва жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Май 18, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид