Имрӯз дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 07:30 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин чорабиниҳои оммавии варзишӣ бо бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, кормандони вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо гузаронида мешавад.
Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе доир мегардад.
Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд






