Имрӯз нахустин хатсайри Душанбе-Тифлис ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Easybooking» ва ширкати «FLY TJ» нахустин парвози мустақим дар хатсайри Душанбе-Тифлис анҷом дода шуд, ки он уфуқҳои сайёҳии байналмилалиро барои сокинони Тоҷикистон фарох менамояд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар нахустин хатсайри Душанбе-Тифлис 189 рӯзноманигор ва блогери ҷумҳурӣ барои муаррифии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва шиносоӣ бо маконҳои тамошобоби Гурҷистон ба ин давлат сафар намуданд.
Тавре масъулин зимни муаррифии хатсайри нав изҳор доштанд, хатсайри Душанбе-Тифлис бо мақсади шиносоии сокинони ҷумҳурӣ бо минтақаҳои сайёҳии Гурҷистон ва мустаҳкам кардани муносибатҳои Тоҷикистон ва Гурҷистон дар соҳаи сайёҳӣ ташкил карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»











АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






