Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси байналмилалӣ доир ба рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар шаҳри Ландҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзуи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он коршиносони марказҳои таҳлилию таҳқиқотӣ ва ҳайати омӯзгорону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чаҳорчӯби кори конфронс иштирокчиён доир ба паҳлуҳои васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин табодули афкор намуданд.
Зимни конфронс аз ҷониби директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва профессори Институти таҳқиқоти Осиёи миёнаи Донишгоҳи Ландҷоу «Маркази омӯзиши Тоҷикистон» ифтитоҳ карда шуд.
Дар қисми ниҳоии конфронс доир ба маърузаҳои пешниҳодшуда байни иштирокчиёни конфронс табодули афкор доир шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






