Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт расиданд

Май 24, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 75 оилаи аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Нуробод ва 60 оилаи ноҳияи Рашт кумакҳои якдафъаина расонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Кумакҳо аз орд, шакар, равғани растанӣ, нахуд, биринҷ, ҷав, картошка, сабзӣ, пиёз, рахти хоб – кӯрпа, рӯйпӯш, матрас, болишт, мӯзаи резинӣ, ароба ва бел иборат буданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 май корҳои бозсозӣ дар километри 140-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки бар асари сел тахриб шуда буд, идома ёфтанд. Ба ин кор 3 техникаи муҳандисии хадамоти роҳи ноҳияи Нуробод ва 4 техникаи хадамоти роҳи ноҳияи Рашт ҷалб карда шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Сариқоши Ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод идома доранд.

Дар мавзеи пули деҳаи Яхак бо ҷалби як техникаи муҳандисӣ ва 120 нафар аҳолии маҳаллӣ ҳашар ташкил карда шуда, корҳои соҳилбандӣ анҷом дода шуданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 24, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»