КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА РОҲДОРОН. Ба муассисаҳои хоҷагии роҳ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт техникаи нав дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сари вақт бартараф кардани оқибати офати табиӣ дар маҳалҳои осебдида дар шарқи мамлакат ба роҳдорони минтақаи Рашт боз ду техникаи нав — 1 мошини белдори механикӣ (мехлопата) ва 1 автогрейдер супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан низ ба роҳдорон як миқдор техникаи махсуси роҳнигоҳдорӣ, иборат аз 5 боркунаки фронталии тамғаи «Lovol-FL», як экскаватори тасмачархи тамғаи «Lovol-FL-220D2» ва 4 автогрейдери тамғаи «Lutong Py180» туҳфа карда буданд.
Ин техникаҳо 7 майи имсол ба муассисаҳои хоҷагии роҳ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои Рашт ва Кӯлоб супорида шуд. Қаблан роҳдорони ноҳияи Сангвор як мошини белдори механикии дигар низ туҳфа гирифта буданд.
Хотиррасон мешавем, ки 20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони якчанд сохтори марказии мамлакат ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доир намуданд. Сарвари давлат барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, таъмиру боз намудани роҳҳои зарардида ва расонидани кумаки зарурӣ ба мардуми зарардида ба роҳбарону идораҳои масъул супоришҳои мушаххас доданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






