Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ иштирок намуданд

Май 6, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 06.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 4 май дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ «CAREC»-рушди устувори сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкати сайёҳии «Саёҳати Диёр», пойгоҳи кӯҳнавардии «Артуч» ва дигар субектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши сатҳи баланд зиёда аз 10 давлати аъзои «CAREC» иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо дастгирии барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ «CAREC» баргузор шуда, ҳадафи он  омӯхтани таҷрибаи кишварҳое буд, ки дар самти сайёҳӣ пеш рафтаанд.

Аз оғози таъсиси барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ «CAREC» аз соли 2001 то соли 2023 барои сармоягузории соҳаҳои мухталифи давлатҳои Осиёи Марказӣ 51,02 миллиард доллари ИМА равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки занҷираи тиҷоратии машҳури Шоҳроҳи Абрешим дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони алоқаманди саёҳатҳои саргузаштӣ қарор гирифтааст. Шаҳрҳои қадим, бозорҳои пурғавғо ва манзараҳои дилфиреби Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳонеро, ки ҷӯёи ҳодисаю воқеаҳо дар ин масири таърихии машҳур мебошанд, торафт бештар ҷалб менамоянд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми содагардонидаи раводид барои аксар шаҳрвандони мамолики дунё, инчунин бо пешсафӣ дар ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ дар сархати ахбори минтақаи даҳгона қарор гирифтааст.

Дар айни замон ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ буда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ мешаванд. Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳат ба давлатҳои Осиёи Марказӣ якбора бо се мамлакати  дорои пайроҳаи Шоҳроҳи Абрешим — Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон шинос шаванд.

Дар доираи ҳамоиш оид ба рушди сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои барномаи «Шоҳроҳи Абрешим» табодули афкор анҷом дода шуд. Ҳайати Тоҷикистон ба иштирокчиён оид ба рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи давлату ҳукумати мамлакат ва алалхусус таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа тариқи рӯнамо маълумот пешниҳод намуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд