Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Май 24, 2024 12:10

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корез коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки сохтмони коргоҳи «Мушки Модар» дар масоҳати умумии 30 садяк замин моҳи марти соли 2023 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ оғоз гардида, моҳи майи соли равон ба анҷом расидааст.

Дар коргоҳи истеҳсолӣ таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шуда, раванди истеҳсолот бо навтарин технология иҷро карда мешавад.

Коргоҳи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар фазои мусоиди соҳибкорӣ бунёд гардидааст.

Дар коргоҳи мазкур дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Коргоҳи мазкур дар як рӯз имкон дорад, ки беш аз 2 тонна маҳсулоти гуногун, аз ҷумла собун ва дигар намуди моеи зарфшӯӣ истеҳсол намояд.

Маҳсулоти коргоҳ ивазкунандаи воридот буда, дар шароити деҳот иқдоми наҷибу созанда ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти коргоҳи навбунёди деҳаи Ғарғара баҳои баланд дода, ба соҳибкорону кормандон ҷиҳати зиёд гардонидани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти ватанӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Май 24, 2024 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст