Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 май сафари расмии узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Дафтари Комиссияи корҳои хориҷии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар доираи сафар инчунин мулоқоту музокироти Ван И бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид.
Дар фарҷоми музокирот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи солҳои 2025-2026 ба имзо расид.


Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик шинос гардид.
Меҳмонон бо тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ аз ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Ван И аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навишт.
АКС: АМИТ «Ховар»/Осорхонаи миллии Тоҷикистон











Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






