Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо мулоқот намуд

Май 20, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи Форуми 10-уми ҷаҳонии об дар Бали мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Индонезия дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, рушди робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, обу энергетика, саноат, нақлиёт, фарҳанг, маориф, мубориза бо хатару чолишҳои муосир ва ба роҳ мондани мубодилаи сафарҳои расмии сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин тарафҳо доир ба ҳамкории ду давлат дар масоили мубрами байналмилалӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ташаббусҳои байнамилалии Тоҷикистон, инчунин доир ба масоили баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе мубодилаи афкор намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Май 20, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд