«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо 18 май, аз соати 18:00 то 23:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Барномаи «Шабе дар осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон оғоз гардида, солҳои баъдӣ дар давлатҳои Аврупо ва Амрико гузаронида шуд.
Солҳои охир барномаи «Шабе дар осорхона» дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин шаб бисёре аз осорхонаҳо пас аз ғуруби Офтоб то нисфи шаб дарҳояшонро ба рӯйи тамошобинон боз менамоянд.
Мақсади асосии ин иқдом – муаррифии захира, имконот, иқтидори осорхонаҳои муосир ва ҷалби тамошобинон ба осорхонаҳо мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






