Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории афзалиятнокро тақвият медиҳанд

Май 21, 2024 15:04

ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва вазири иқтисоди Озарбойҷон Микаил Ҷабборов дар Боку баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мулоқот гуфта шуд, ки сафарҳо, вохӯриву чорабиниҳои сатҳи олӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ дар рушди ҳамкории иқтисодии ҳарду давлат нақши муҳим доранд. Дар мулоқот инчунин аҳамияти идомаи фаъолияти муштарак бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, рушди саноати алюминий, кишоварзӣ ва саноати нассоҷӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон имконоти таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ карданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 21, 2024 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд