35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Роҳи мошингарди маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ мумфарш мегардад
ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллии шаҳри Хоруғ идома дошта, айни замон корҳои мумфаршсозии роҳи мошингарди маҳаллаи Носири Хусрав оғоз гардидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати кор ҳангоми мумфаршсозии роҳи мазкур, насби обравҳо, сафолакпӯш намудани пиёдагардҳо, сабз гардондании шафати роҳҳо, аз ҷумла шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони сояафкан ва ороишии ба шароити иқлими вилоят мутобиқ, тавсияҳои муфид дод.
Номбурда ҳамзамон барои ба тартиб даровардани роҳравҳои асосии шаҳр ва иваз намудани обравҳои фарсуда масъулинро вазифадор намуда, иброз дошт, ки шаҳри Хоруғ чун маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бояд ҳамеша ободу зебо ва намунаи ибрат бошад. Раиси вилоят илова кард, ки то ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ симои шаҳри Хоруғ бояд ба таври шинохтанашаванда дигаргун гашта, роҳҳои маҳаллӣ ва шоҳроҳҳо таъмиру навсозӣ гарданд.
«Ободии роҳҳо пеш аз ҳама барои рушди сайёҳӣ дар вилоят мусоидат менамояд»,- гуфт Алишер Мирзонабот.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 баён гардид, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






